Бо оби ошомиданӣ таъмин намудани сокинони шаҳраки навбунёди Питобдашт
Хоруғ, 10.09. 2015 (АМИТ «Ховар» ).- Барои бо оби ошомиданӣ пурра таъмин намудани сокинони шаҳраки навбунёди Питобдашти ҷамоати деҳоти Сучон, ки аҳолии он аз заррардидагони офати табии мебошанд, барномаи нав тарҳрезӣ гардид.
Тибқи ин барнома кандани ду чоҳи амудӣ дар деҳаи Манем ва ҳавзи обнигоҳдорӣ дар деҳаи Питобдашт оғоз ёфт. Ғунҷоиши ҳавз 250 метри кубӣ буда, аз чоҳҳои амудӣ ба ҳавз дар масофаи 80 метр қубурҳои обкаш гузаронида мешаванд.
Барнома дар ҳамкории мутахассисони Сарраёсати Геологияи тоҷик, Раёсати Агентии беҳдошти замин дар вилояти Бадахшон , хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ ва Агентии захираҳои модди давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар айни замон барои бо обтаъмин намудани сокинони аз офати табии заррардидаи шаҳраки Питобдашт аз рӯдхонаи кӯҳии Богевдара хати об кашида шудааст, ки барои таъмини шаҳрак басанда нахоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






