Боз 4 террорист кушта ва 7 нафари дигар дастгир шуданд
Душанбе, 06.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки имрӯз (06.09.с.2015), дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дар рафти муқовимати мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Ҳамчунин, 7 нафар аъзоёни ин гурӯҳ дастгир гардида, миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати «АКМ», 50 тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амниятии миллии ҷумҳурӣ ба шаҳрвадон, барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмак дар несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд.
Амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






