Боздиди доктор Майер аз шаҳри сайёҳӣ
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Доктор Георг Макс Майер -роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон ба шаҳри Норак ташриф оварда, бо хатмкардагони магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолият доранд, мулоқот намуд. Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон ҳар сол аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» магистрҳоро омода месозад. Тибқи созишномаи дуҷониба бунёд бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти кории минбаъдаи хатмкардагон, ки аз ҳисоби хизматчиёни давлатианд, ба ҷойи кори онҳо омада, бо хатмкардагон вохӯрӣ доир менамояд.
Доктор Майер ва ҳайати магистрантҳои донишкадаро Ҳурматзода Фатҳулло Зариф -раиси шаҳри Норак ба ҳузур пазируфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ такдим намуд. Инчунин доктор Майер ва гурӯҳи магистрантҳо аз обанбори Норак ва табиати зебои ин шаҳри сайёҳӣ дидан намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






