Боздиди Сарвазир аз мактаб-интернати Рашт
Душанбе, 18.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Имрӯз баъд аз ба истифода додани хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Рашт, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо меҳмонон аз мактаб-интернати назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами як боздид кард. Сарвазир туҳфаҳо ва кумакҳоро аз номи Сарвари давлат ба хонандагони муассисаи мазкур супорида, ба масъулини ноҳия барои таълиму тарбияи сифатнок ва беҳтар намудани шароити мактаб-интернат супоришҳои ҷиддӣ дод.
Дар муассисаи мазкур 104 хонанда таҳсил дошта, он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маблағгузорӣ мешавад.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






