Боздошти 14 нафар аъзои дигари гурӯҳи ҷиноятпешаи ҳоҷӣ Ҳалим
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки имрӯз (07.09.с.2015), дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ, дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералӣ 14 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), дастгир гардиданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз он ҷумла, 6 адад автомати Калашников, 2 адад ПК, 1 адад СВД, 1 адад РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак барои дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд.
Ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат менамоем, ки тинҷию оромии ҷомеаи Точикистони азизамон аз ҳамкории мо вобастагии калон дорад.
Касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд аз ҷавобгарӣ озод буда, барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор мусоидат менамоянд, мукофотонида мешаванд.
Амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.
Телефони боварӣ: 221-21-21, 227-98-98.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






