Бозгашти паҳлавонони наврас бо 9 медал аз Қирғизистон
Душанбе, 18.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Дордой, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, 9 медал ба даст оварданд.
Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, паҳлавонони кишвар се медали тилло, ду нуқра ва чаҳор биринҷӣ ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки бори сеюм аст доир мешавад, 161 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тӯли се рӯз барои 14 номгӯй медалҳо мубориза бурданд.
Дар мусобиқа ба ҳисоби умумидаставӣ дастаи Ӯзбекистон бо касби 12 медал: 6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ғолиб омад. Тими мунтахаби Қирғизистон бо касби 30 медал: 5 тилло, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ мақоми дуюм ва дастаи Тоҷикистон бо гирифтани 9 медал: 3 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷой сеюмро ишғол кард. Паҳлавонони Қазоқистон бо касби 9 медал: 2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ дар зинаи охирин ҷойгир шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






