«Бўи ҷўи Мӯлиён ояд ҳаме» -ҳамоиши рӯдакихонон
Душанбе, 21.09.2015.(АМИТ).- Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи рӯдакихонӣ ҳамоиши фарҳангӣ- бадеӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори Донишкада, доктори илми педагогика И.Т. Қосимзода оғоз бахшида, дар мавриди аҳамияти бадеии осори шоир маърӯза кард.
Дар навбати худ олими тоҷик Валӣ Самад оид ба мушкилоти омӯзиши ҳаёт ва осори шоир, алалхусус оид ба таърихи интишори шеъри «Бўи ҷўи Мӯлиён ояд ҳаме» дар даврони шӯравӣ андешаашро баён намуд. Донишҷўёни донишкада аз ашъори шоир қироат намуда, аз лаҳзаҳои зиндагии устод Рӯдакӣ саҳнаи хотирмон намоиш доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






