Бунёди гармхонаҳо дар Бадахшон
Мурғоб 11 09 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан). — Дар қисми ҳарбии рақами 2107-и Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмин намудани сарбозон бо сабзавоти тару тоза ду гармхона бунёд карда шуд.
Масоҳати умумии гармхонаҳо чору ним ҳисса буда, дар оянда ният доранд онро васеъ намоянд.
Аскари қаторӣ Тоиб Нуров аз ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки ба коркарди сабзавот дар гармхона масъул аст, то даъват шудан ба хизмати ватан дар саҳро ба волидон кумак мекард ва таҷрибаи кофӣ низ андӯхтааст. Тоиб мегӯяд, ки дар шароити ноҳия сабзавот дар гармхона хуб нашъунамо меёбад. Зеро он дар баландӣ ҷойгир аст ва агар ҳаво соф бошад, нури офтоб зуд ва бо ҳарорати баланд гармиро ба замин мефиристад.
Ёдрас мешавем, ки ноҳияи Мурғоб дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, зимистонаш аз шаш моҳ бештар тӯл мекашад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






