Бузургдошти Истиқлолияти Тоҷикистон дар Миср
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз, 9-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Рамсес Ҳилтон»-и Қоҳира бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маросими расмӣ барпо гардид, ки дар он муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Мурод, намояндагони вазорату идораҳои кишвари Миср, корпуси дипломатии муқими Қоҳира, намояндагони расонаҳо, доираҳои бозаргонии Миср, инчунин шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд. Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ доир ба аҳамияти сарнавиштсози Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он ба сӯи пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






