Чемпионҳои Осиё ғолиб омаданд
Душанбе, 09.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи «В” аз тими миллии Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Ин бозӣ шаби сешанбеи 8 сентябр бо ҳузури 19 ҳазор тамошобин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. То дақиқаи 57-ум ба футболбозони мо муяссар шуд, ки ба дастаи Австралия муқобилияти сахт нишон диҳанд. Аммо, таҷрибаю малакаи футболбозони номдори ин кишвар ва тайёрии хуби ҷисмониашон имкон дод, ки дар ин вохӯрӣ пирӯз шаванд. Дар дақиқаи 57-ум, Марк Миллиган ҳисобро боз кард. Ду голи дигари меҳмононро капитани австралиягиҳо Тим Кеҳил дар дақиқаҳои 74-ум ва 90+1 ба ҳадаф расонд.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Урдун бар Бангладеш бо натиҷаи 4:0 ғалаба карда, мавқеашро дар ҷадвал беҳтар кард. Акнун футболбозони Тоҷикистон бозии навбатии худро бо дастаи мунтахаби Қирғизистон рӯзи 8 октябр дар Қирғизистон барпо мекунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






