Чорабинии фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт вохӯрӣ бо сокинон, бахусус ҷавонони маҳаллаи Умари Хайём ва Зайнаббибӣ доир ба паёмадҳои нохуши гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фирефта шудани ҷавонон ба ваъдаҳои бардурӯғу манфиатхоҳонаи шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ифротӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуда, доир ба паҳлӯҳои мухталифи мавзӯи мазкур ибрози андеша карданд.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷумла қайд гардид, ки имрӯз аксар ҳаракату ташкилотҳои ифротгаро бо ваъдаҳои бардурӯғ ва бо истифода аз номи Ислом миёни сокинон, бахусус ҷавонон таблиғоти ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ доир намуда, онҳоро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Дар ин раванд, бояд падару модарон ва ҷавонон ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ба ҳангомасозию фиребгариҳои ин гуна ашхос дода нашаванд. Зеро ҳадафи аслии онҳо ва гурӯҳҳои таблиғгар танҳо бароварда сохтани манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат пайваста барои маърифатнокӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро ҳамеша барои пойдории сулҳу ваҳдат ва якпорчагию ободонии кишвар ҳидоят менамояд. Зеро, пешрафт ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар танҳо аз вазъияти орому осоишта, пойдории сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани ватану миллат вобаста аст.
Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки ба ҳар гуна найрангҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нашуда, бо ҳисси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки авзои кунунии ҷаҳон баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат банданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






