Чорабинии идона ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ дар ВКД
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, дар қисми низомии 3502- и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати 24-умин солгарди рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502-и қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорони мақомот ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимзода ба чорабинии идона ҳусни оғоз бахшида, тамоми афсарону сарбозонро бо ин санаи таърихию сарнавиштсоз барои халқи тоҷик табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулашон комёбиҳои беназир таманно намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Абдураҳим Раҳимзода аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои хизматҳои арзанда, софдилонаю содиқонаашон ба Ватан ба як қатор афсарону сарбозон, собиқадорони қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ки дар пешрафту ободии қисми низомӣ саҳм гузоштаанд, медалу нишонҳои сарисинагӣ, «Ифтихорномаи фахрӣ» ва «Сипоснома» тақдим намуданд.
Дар ҷамъомад барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ансамблҳои «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу табъи собиқадорон ва афсарону сарбозонро болида гардонид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






