Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ бо ташаббуси Тоҷикистон
Душанбе, 27.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорки ИМА чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об» доир мегардад, ки ташаббускори он Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ҳамчунин Ян Элиассон – Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, генерал Прают Чан-Оча – Сарвазири Шоҳигарии Таиланд, Адам Золтан Ковач – муовини Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Хонум Ҳелен Кларк – Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






