Дар 5 садамаи фоҷеавӣ 4 ноболиғ ба ҳалокат расид
Душанбе, 25.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ронандаи 41 солаи мошини тамғаи “Опел-Астра” ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, аз самти кӯчаи Зарафшон ба самти кӯчаи Баҳовуддинови пойтахт, пиёдагард, писарбачаи 7-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намуд. Писарбача ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Як рӯз қабл аз ин ронандаи 22-солаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Мастонгулов ба самти кӯчаи Айнӣ, дар рӯ ба рӯи бинои корхонаи “Роҳи Абрешим” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ҷавондухтари 20-сола ва духтарчаи 11-солаи сокинони шаҳри Душанберо пахш намудааст. Духтарчаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расид. Дар ин рӯз, инчунин ронандаи мошини тамғаи “ГАЗ-3302”, сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат бо паскӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе духтарчаи 1-солаи сокини маҳалиро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, мошини тамғаи “УАЗ-469”, таҳти идораи сокини 36-солаи ноҳияи Балҷувон ҳангоми бозгашт аз бозори марказии ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Амиршоев, ногаҳон бозистода ба қафо ҳаракат мекунад. Дар натиҷа писарбачаи 9-солаи ронанда, ки болои бордони мошин буд, ба замин афтода, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардорад ва ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расид.
24-уми сентябр, инчунин дар роҳи мошингарди “Айнӣ-Панҷакент” ронандаи мошини тамғаи “КАМАЗ-53212”, сокини 55-солаи ноҳияи Панҷакент бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 37-солаи ноҳияи Панҷакент бархӯрд. Дар натиҷаи садама ронандаи мошини “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






