Дар Хатлон бахши сайёҳии дохилӣ рушд меёбад
Қӯрғонтеппа, 23.09.15. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа барои татбиқи Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ дар солҳои 2015 — 2017 сафари ҷавонони шаҳр ба ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хисравро ташкил дод.
Ҷавонон дар ҷараёни сафарашон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии Шаҳритус ва иншоотҳои дигари таърихии ноҳия боздид намуда, дар ноҳияи Носири Хисрав «Чилучорчашма» — ро тамошо карданд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони сафари ҷавонон, чорабинии мазкур ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ мусоидат намуда, равобити дӯстонаи байни ҷавонони минтақаҳои ҷумҳуриро таҳким мебахшад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






