Дар Ромит 7 нафар аъзои фаъоли гурӯҳи террористии ҳоҷӣ Ҳалим дастгир гардиданд
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 11-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 7 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дастгир гардиданд. Инчунин, аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша 2 адад автомати «АКМ» ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак ҷиҳати дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. ба шаҳрвандон миннатдории худро изҳор менамоянд. Хотиррасон менамоем, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози амалиёт то имрӯз 22 нафар узви гурӯҳи террористии ҳоҷӣ Ҳалим маҳв карда шуда, беш аз 100 нафари дигарашон дастгир шудаанд.
Телефони боварӣ: 221-21-21, 227-98-98.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






