Дар вилояти Бадахшон теъдоди нашъамандон ба 874 нафар расидааст

Сентябрь 25, 2015 05:59

Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Вазъи  нашъамандӣ дар вилояти Бадахшон  ташвишовар буда, теъдоди нашъамандон ба 874 нафар расидааст. Дар шаҳри Хоруғ 325 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 3 нафараш зан аст. Ин нуктаро  кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зимни  вохӯрӣ бо толибилмони синфҳои болоӣ дар  мактаби таҳсилоти умумии №7-и маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ  таъкид намуданд. Вохӯрӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва баҳри пешгирии нашъамандӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят 23 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид. 
Кормандони агентӣ инчунин вазъи нашъамандиро  дар Тоҷикистон ва хусусан дар вилояти Бадахшон  таҳлил намуда, ба толибилмон дар бораи таърихи пайдоиши маводи нашъаовар ва оқибати фоҷиаовари истеъмоли он нақл намуданд. 
  

Сентябрь 25, 2015 05:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд