Дастгир гардидани 17 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи террористӣ
Душанбе, 10.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзҳои 9-10-уми сентябри соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 17 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дастгир гардида, аз ин шумора се нафар ихтиёран худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Инчунин аз нафарони дар боло зикргардида, 8 адад автомати «АКМ», 1 адад пулемёт ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни гузаронидани амалиёти махсус 4 нафар аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) безарар гардонида шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак ҷиҳати дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. ба шаҳрвандон миннатдории худро изҳор менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.
Телефони боварӣ: 221-21-21, 227-98-98.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






