Дастгирии изҳороти Прокуратураи генералӣ дар Тавилдара
Тавилдара, 30.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар ноҳияи Тавилдара бо иштироки раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва омӯзгорону сокинони ноҳия вохӯрӣ доир шуда, дар он изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти аъзои фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва амалҳои ғайри қонунии гурӯҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалимро дастгирӣ карданд..
Ҳамчунин сокинони ноҳия сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлатро дастгирӣ карда, аз сулҳу субот ва оромии имрӯза шукрона намуданд ва аз падару модарон даъват карда шуд, ки боэҳтиёт бошанд ва нагузоранд фарзандонашон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ шомил гарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






