ДМИТ ба ятимон кумаки молиявӣ кард

Сентябрь 23, 2015 06:49

Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи идҳо дасти кумак дароз кардан  ба камбизоатону ятимон ва оилаҳои ниёзманд амали савобу хайр маҳсуб мешавад. Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ пайваста ба ниёзмандону ятимон кумаки моддию маънавӣ расонда, дар ғаму шодии эшон шарик аст. 
Ин навбат раёсати донишкада ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон ба 10 донишҷӯи ятими кулл, ки дар донишкада мехонанд, ба миқдори 100 сомонӣ ба ҳар кадоме кумаки молиявӣ расонид.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ҳангоми суҳбат онҳоро ба донишомӯзию фаъолнокӣ, шукргузорӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуд. 

Сентябрь 23, 2015 06:49

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд