Ду амали террористӣ дар пойтахти Яман
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар масҷиди Ал-Муайяди шимоли пойтахти Яман ду таркиши террористӣ ба амал омад. Гумон меравад, ки бомбаи аввалро дар амалиёт террорист- мунфаҷири дар масҷид буда тарконид. Таркиши дуюм вақте рӯй дод, ки мардум биноро тарк карда буданд. Бино ба маълумоти пешакӣ, дастгоҳи тарканда роҳандозӣ шудааст.
Тавре ки аз Вазорати тандурустии Яман ба оҷонсии Sputnik иттилоъ доданд, шумораи фавтидагон дар натиҷаи ду таркиш дар масҷиди шимоли пойтахти Яман шаҳри Санъо 28 нафарро ташкил намуда, тақрибан сад нафар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои манбаъ, ин шумораҳо ниҳоӣ нестанд. Тавре Reuters хабар дод, бо ишора ба саҳифаи радикалии шабакаҳои иҷтимоӣ, масъулияти ҳамлаи террористиро гурӯҳи «Давлати Исломӣ» ба ӯҳда гирифтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






