Ду бозии санҷишии дастаи Тоҷикистон дар Эрон
Душанбе, 14.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 чанде пеш барои баргузории ҷамъомади омӯзишию машқӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Дар Теҳрон дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар бо тими мунтахаби ҷавонони Эрон ду бозии санҷишӣ мегузаронад. Бозиҳо рӯзҳои 16 ва 19 сентябр доир мешаванд.
Дар тамринҳо ҳайати кишварро 24 нафар бозингар, 2 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 6 ҳамлагар муаррифӣ мекунанд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” бо тимҳои мунтахаби ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Молдив дидор анҷом медиҳад. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” аз 2 то 6 октябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ғолибони гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа ва панҷ дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтар ба ҷои дуюм роҳхат мегиранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






