Фардо Гвардияи миллӣ 20 сола мешавад
Душанбе, 03.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо аз таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад. Гвардияи миллии кишвар зодаи даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бояд тазаккур дод, ки баъди иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Ҳукумати конститутсионии кишвар дар назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бригадаи таъйиноти махсус таъсис дода шуд, ки моҳи январи соли 1995 ба Гвардияи Президентӣ табдил гардид. Дар соли 2004 баъди ворид намудани тағйирот дар сохтори он, Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил ёфт. Нақши ҷузъу томҳои ин сохтори муқтадири низомии кишвар дар таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва ҳифзу мудофиаи иншооти муҳими давлатӣ хеле бузург аст. Ин воҳиди махсуси ҳарбӣ аз оғози таъсисёбиаш то ба ҳол роҳи душвору пуршарафро тай намуда, ба сохтори муташаккил ва муназзам мубаддал гардид. Маънои калимиа гвардияи миллӣ, ки воҳиди махсуси низомӣ эътироф мешавад, аз истилоҳи қадимаи тоҷикии «гурд» сарчашма мегирад. Дар фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ мафҳуми «гурд» шуҷоъ, баҳодур, паҳлавону ғаюр, ифода гардида, хислатҳои ҷавонмардию содиқ будан ба ватанро таҷассум менамояд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз рӯзҳои таъсисёбиаш таҳти роҳбарии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок кардаанд. Дар тӯли 20 соли фаъолият ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карда, дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорату мардонагӣ садоқати худро ба Президент ва Савганди ҳарбӣ зоҳир намудаанд. Хизматҳои шоистаи 231 нафари онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар остонаи 20-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон медали ҷашнии «20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






