Фардо Гвардияи миллӣ 20 сола мешавад

Сентябрь 3, 2015 11:21

Душанбе, 03.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо аз таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад.  Гвардияи миллии кишвар зодаи даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бояд тазаккур дод, ки баъди иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо иқдоми Ҳукумати конститутсионии кишвар дар назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бригадаи таъйиноти махсус таъсис дода шуд, ки моҳи январи соли 1995 ба Гвардияи Президентӣ  табдил гардид. Дар соли 2004 баъди ворид намудани тағйирот дар сохтори он,  Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил ёфт. Нақши ҷузъу томҳои ин сохтори муқтадири низомии кишвар дар таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва ҳифзу мудофиаи иншооти муҳими давлатӣ хеле бузург аст. Ин воҳиди махсуси ҳарбӣ аз оғози таъсисёбиаш то ба ҳол роҳи душвору пуршарафро тай намуда, ба сохтори муташаккил ва муназзам мубаддал гардид. Маънои калимиа гвардияи миллӣ, ки  воҳиди махсуси низомӣ эътироф мешавад, аз истилоҳи қадимаи тоҷикии «гурд» сарчашма мегирад. Дар фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ мафҳуми «гурд» шуҷоъ, баҳодур, паҳлавону ғаюр, ифода гардида, хислатҳои ҷавонмардию содиқ будан ба ватанро таҷассум менамояд.  
Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз рӯзҳои таъсисёбиаш таҳти роҳбарии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок кардаанд. Дар тӯли 20 соли фаъолият ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карда, дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорату мардонагӣ садоқати худро ба Президент ва Савганди ҳарбӣ зоҳир намудаанд. Хизматҳои шоистаи 231 нафари онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.   Бояд тазаккур дод, ки дар остонаи 20-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон медали ҷашнии «20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

 

Сентябрь 3, 2015 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад