Фаро гирифтани аҳолӣ ба марказҳои таълимӣ
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар нуҳ моҳи соли равон 1581 шаҳрванд расман ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст. Аз шумораи умумии 1581 нафар, вуруди 781 шаҳрванд ба Федератсияи Русия манъ карда шуда, 40 нафараш зан аст. Тибқи супориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони мамнӯъшуда онҳо ба иншоотҳои сохтмонии шаҳри Ваҳдат, ширкатҳои хориҷӣ ва дигар корхонаву муассисаҳои берун аз шаҳр ба кор фиристода мешаванд.
Бахши Хадамот дар шаҳри Ваҳдат ҳамкориро бо МД «Маркази таълимии калонсолон» ва филиали марказ дар шаҳри Ваҳдат, КВД-и маркази таълимии шаҳри Душанбе, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат ва МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хуб ба роҳ мондааст. Дар ин муддат аз тарафи бахш роҳхат тартиб дода шуда, хоҳишмандон бо пешниҳоди ариза ба маркази мазкур равона мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






