Фестивали сайёҳӣ аз гулӯгоҳи Ла-Манш то Қаракӯли Мурғоб
Мурғоб, 30.09. 2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Бадахшон бо мақсади рушди риштаи саёҳати экологӣ дар кӯли Қаракӯли ноҳияи Мурғоб фестивали «Дӯстдорони регатта» баргузор шуд, ки дар он сайёҳони хориҷӣ низ ширкат намуданд.
Регатта як навъи варзишест, ки ҳангоми бод тавассути чатр қаиқро идора мекунанд. Оилаи Грефенҳо аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки ба ин намуди варзиш зиёда аз 13 сол боз шуғл меварзанд. Онҳо на танҳо дар кишварашон Британияи Кабир, балки берун аз он ҳам шуҳрат ёфтаанд. Дар фестивал онҳо бо маҳорату чолокии худ тамошобинони зиёдро ба ҳайрат гузоштанд. Оилаи Грефенҳо мегӯянд, ки Қаракӯл бо табиати афсункор ва шамоли тез таваҷҷуҳи ҳар сайёҳро ба худ ҷалб мекунад. Иқлими ин ноҳия барои рушди ин риштаи варзиш хеле мусоид аст.
Қаракӯл дар қисми шарқии вилоят, дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр мавқеъ дошта, дар масоҳати 380 километри мураббаъ доман густурдааст. Обаш шӯр буда, ягон мавҷудоти зинда надорад.
Фестивал се рӯз давом карда, дар он дар баробари сокинони маҳалӣ ҳамчунин даҳҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ширкат доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






