Форуми II байналмилалии фарҳангии Роҳи абрешим
Душанбе, 09.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 13- ум то 15- уми сентябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббуси Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ Форуми II байналмилалии фарҳангии Роҳи абрешим дар мавзӯи «Рушди ҳамкорӣ, коркарди лоиҳаи муштарак дар доираи ҳамкориҳои фарҳангӣ» баргузор мегардад.
Дар форуми мазкур Тоҷикистонро намояндагон аз Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Комиссия оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон муаррифӣ хоҳанд намуд.
Мақсад аз баргузории форум, фароҳам овардани имконият барои намояндагони соҳаи илму фарҳанг, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ барои ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ, рушди анъанаҳои миллӣ буда, дар рафти он ҷаласаҳои пленарӣ ва мавзӯӣ доир мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






