Гиромидошти Рӯдакӣ
Душанбе, 22.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) таъсиргузортарин шоир дар ҳавзаи шеъри тоҷикию форсист, ки бо гузашти беш аз ҳазор сол осори оламшумулаш асолати худро гум накардааст». Чунин зикр шуд дар ҳамоиши илмӣ, ки ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ 22 сентябр дар Душанбе таҳти унвони «Масъалаҳои нашр, таҳқиқ ва таълими мероси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар даврони муосир» доир гардид. Дар ҳамоиш президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷчатуллоҳ Фағонӣ, директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Сахидод Хоркашев, рӯдакишинос Қодири Рустам ва дигар донишмандону рӯдакишиносон доир ба паҳлуҳои рӯзгор ва осори ҷаҳоншумули шоири тавоно, падари шеъри тоҷикию форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мақоми шоир дар ташаккули адабиёти классикии тоҷику форс сухан карданд. Зикр шуд, ки Рӯдакӣ бунёдгузори адабиёти тоҷикию форсист, ки бо афкору осори оламшумулаш дар рушди илму фарҳанги аҳди Сомониён саҳми бузург гузоштааст. Ашъори шоир саршори панду ҳикмат буда, дар ташаккули инсони комил, тараннуми дӯстиву рафоқат, сулҳу субот, бародарию ҳамраъйӣ ва ҳамзистии осоишта, фосила гирифтан аз рафтору кирдорҳои нангин ва дигар зуҳуроти номатлуб нақши муассир дорад. Маҳз бо назардошти хусусиятҳои хоси шеърофарии шоир, осори пурғановати Рӯдакӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши донишмандону адабиётшиносон ва рӯдакишиносони ҷаҳон қарор гирифта, дар ин самт корҳои зиёди илмӣ ба анҷом расонида шудааст. Бо панҷоҳ унвон зикр гардидани номи шоир аз сӯи адабиётшиносон аз бузургии мақоми шоир ва шеъри равону баландмазмуни осори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2002 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Бо мақсади гиромидошти номи бузургвори Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон ва хиёбони бузурги Душанбе ба номи Рӯдакӣ гузошта шудааст. Инчунин Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои кишвар номи Рӯдакиро дорад. Ҳамзамон ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ таъсис дода шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






