Гурӯҳи террористии ҳочӣ Ҳалим нобуд карда шуд
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маркази робитаҳои ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 16-уми сентябри соли 2015, соати 14:00, амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода пурра ба охир расид.
Дар рафти чорабиниҳои низомӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки якуним шабонарӯз идома ёфтанд, гурӯҳи террористӣ дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит, воқеъ дар 110 километрии шаҳри Ваҳдат ва баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр, иҳота карда шуд. Кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надоданд. Террористҳо муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Мутаассифона, ҳангоми несту нобуд кардани дастаи террористон, фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ ҶТ полковник Амакиев Рустам Холалиевич, инчунин се нафар хизматчиёни ҳарбии ОМОН-и ВКД ва «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии ВКД ва КДАМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






