Ховалинг: майдони кишти маҳсулоти полезӣ меафзояд
Ховалинг, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов)- Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримови ноҳияи Ховалинг дар баробари эҳёи ҷангалзор, дар заминҳои ба полезикорӣ мувофиқи ҷангалзор тарбузу харбуза ва каду коридаанд.
Ба гуфти Шариф Расулов, корманди хоҷагии мазкур дар заминҳо шаш намуди каду корида шудааст, ки нашъунамои хуб доранд. Гарчанде ҳосил ҳоло нарасидааст, ҳаҷми каду ва вазни он нисбат ба маҳсулоти дар водиҳо парваришмешуда се-чор баробар калонтар аст.
Дар ин мавзеъ кормандони хоҷагии чангал маҳсулоти полезиро обёрӣ намекунанд.
Нашъунамои хуби маҳсулоти полезӣ хоҷагидоронро руҳбаланд кардааст ва мақсад доранд соли оянда майдони полезӣ ва кишти кадуро дар ин мавзеъ 6 баробар зиёд намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






