Хусусияти асосии Конститутсияи Тоҷикистон миллӣ будани он аст
Душанбе, 17.9.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки дар таҷрибаи конститутсионализми кишвар бори нахуст тавассути раъй¬пурсии умумихалқӣ қабул гардид, ифодаи азму иродаи халқи Тоҷикистон буда, хусусияти асосии ин санад миллӣ будани он ба шумор меравад», — ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ҷараён дорад, изҳор дошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ислоҳоти конститутсионӣ ва дар ин замина бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конс¬титутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷумлаи вази¬фа¬ҳои таърихии марҳалаи аввали соҳибихтиёрии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки ин иқдоми бузург 6-уми ноябри соли 1994 амалӣ карда шуд.
«Дар Конститутсия худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардани мардуми Тоҷикистон низ аз куҳанбунёд ва фарҳангӣ будани ин халқ маншаъ гирифта, дар баробари ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзиш¬ҳои миллӣ, инчунин садоқати давлат ва миллати тоҷикро ба арзиш¬ҳои умумиэътирофшудаи башарӣ инъикос менамояд», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






