Иқдоми хайрхоҳонаи Сарраёсати геологияи Тоҷикистон
Душанбе, 25.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Сарраёсати геологияи Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон хонаи нави истиқоматиро ба сокини шаҳраки ноҳияи Шуғнони ВМКБ Хушдил Амиршоев, ки аз офати табиӣ зарар дидааст, тақдим кард. Хонаи нав бо истифода аз маблағи ниҳодҳои зертобеи сарраёсат бунёд шудааст.
Тавре ки дар Сарраёсати геология ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба осебдидагони офати табии ноҳияҳои Шуғнону Рашт низ ёрии хайрхоҳона аз қабили маводи ғизоӣ ва асбобҳои рӯзгор расонида шудааст.
Маблағи умумии ёрии хайрхоҳона 148 ҳазору 985 сомониро ташкил дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






