Иқдоми муштараки ҲХДТ ва ТҶҶ Созандагони Ватан
Душанбе, 30.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ТҶҶ Созандагони Ватан дар мавзӯи Коррупсия- падидаи номатлуб мизи мудаввар доир шуда, ба иқдоми навбатӣ таҳти унвони Амалҳои коррупсиониро маҳкум менамоем оғоз бахшид
.Дар мизи мудаввар раисони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру навоҳӣ, аъзо ва роҳбарони намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан иштирок варзида, дар атрофи паҳлуҳо ва оқибатҳои нохуши падидаи нанговар- коррупсия ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки мубориза, ба вуҷуд овардани муқовимат ва ҳисси оштинопазир бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи аввалиндараҷаи ташкилоти ҲХДТ ва ТҶҶ Созандагони Ватан ба ҳисоб меравад. Дастур дода шуд, ки ташкилоти ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, фаъол гардонидани аҳолӣ дар мубориза бар зидди коррупсия дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи иқдоми Амалҳои коррупсиониро маҳкум менамоем баргузории маҷмӯи чорабиниҳоро ба нақша гирифта, бояд роҳандозӣ намоянд. Чорабиниҳо то 10-уми октябри соли 2015 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома хоҳанд ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






