Иқдоми «Созандагони Ватан»: «Мо ҳомиёни ин Ватанем»
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонон, омода намудани онҳо дар рўҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба Ватан- Модар, ҳифзи марзу буми он, муқаддас шуморидани ҳар ваҷаб хоки ин сарзамини аҷдодӣ дар асоси нақшаи фаъолияти худ маҷмўи чорабиниҳоро таҳти унвони «Мо ҳомиёни ин Ватанем» эълон намуд.
Дар заминаи ин иқдом ташкилот тасмим гирифтааст, ки дар мувофиқа бо сардорону роҳбарони қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо то анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ чорабиниҳои гуногун, амсоли аёдати волидони сарбозон, ташкили боздиди ҷавонон аз қисмҳои ҳарбӣ, намоиши маҳорати ҷангии сарбозон ба ҷавонон ва дигар чорабиниҳоро, ки ба тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонон мусоидат менамоянд, роҳандозӣ намояд.
Гуфта мешавад, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар маҷмӯъ барои муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон ва тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар ин бора аз ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






