Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- зидди маводи мухаддир» дар Ҷиргатол, Шӯрообод ва Дарвоз
Душанбе, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи муқаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 19 сентябр инҷониб иқдоми ҷумҳуриявиро таҳти шиори «Тоҷикистон- зидди маводи мухадир» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла Ҷиргатол, Шӯрообод ва Дарвоз баргузор намуда истодааст.
Мақсад аз иқдом- пешгирии нашъамандӣ, зарар ва оқибатҳои маводи нашъаовар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ чорабинии мазкур дар ноҳияи Ҷиргатол оғоз шуда, 20 сентябр дар ноҳияи Тоҷикобод ва рӯзи 21 -уми сентябр дар ноҳияи Рашт баргузор гардид. Дар маҳфилҳои театрии он аз ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, бахусус ҷавонон беш аз 600 нафар иштирок намуданд.
Дар баробари ҳунарнамоии ҳунармандони Театр-студияи «Хандинкамон», инчунин озмуни расми беҳтарин баргузор мегардад. Ғолибони озмун аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Иқдоми мазкур то 20 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






