Иди Қурбонро мардуми кишвар кай таҷлил менамоянд?

Сентябрь 14, 2015 12:11

Душанбе, 14.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Мардуми Тоҷикистон чун дигар мусулмонони  кишварҳои ҷаҳон Иди Қурбонро рӯзи панҷшанбе, 24 сентябри соли 2015 таҷлил менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
     Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки имрӯз  таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳузури  имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ доир гардид, санаи таҷлили иди Қурбон тасдиқ шуд. Дар ин росто рӯзи панҷшанбе аз соати 7:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози Иди Қурбон баргузор мегардад. Дар ҷаласа ҳамзамон ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар дастур дода шуд, ки дар хутбаи намози ҷумъа, аҳкоми қурбонӣ ва тарзи дурусти анҷом додани маросими қурбониро ба мардуми кишвар фаҳмонанд. Инчунин, таъкид гардид, ки дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд, дар ин масъала намояндагони уламои кишвар бояд  барои мардум намунаи ибрат бошанд. Ҳамзамон дар ҷаласа расонидани кумаку хайрияҳо ба  ятимон, бепарасторон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар қишрҳои ниёзманди  ҷомеа, ки аз амалҳои неки ҳар фарди мусулмон аст,  матраҳ гардид.
        Бояд тазаккур дод, ки Иди Қурбон яке аз ду иди мардумони мусулмон буда, баъд аз ду моҳу даҳ рӯзи Иди сайиди Фитр таҷлил  мешавад. Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли равон наздики 6 ҳазор шаҳрванди кишварамон ба зиёрати Каъба ба Маккаи Мукаррама сафар намуданд.

 

Сентябрь 14, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад