Ифтитоҳи 9 иншооти ҷашнӣ дар Ёвон
Ёвон, 09.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба 24 — умин солгарди ҷашни Истиқлолият 9 бинои ҷашнӣ, аз қабили марказҳои хизматӣ, маркази ташхиси саломатӣ, кӯлҳои моҳипарварӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият 2 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағгузории сафорати Ҷопон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми маҳал, барои 400 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуда буд.
Инчунин аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 775 нафар хонанда дар назди муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта, мавриди истифода қорор гирифт.
Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик 2 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 1000 нафар хонанда сохта мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






