Ифтитоҳи бинои нави маъмурии милитсия дар Қурғонтеппа
Душанбе, 30.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба вилояти Хатлон сафар карда, дар шаҳри Қурғонтеппа бинои нави маъмурии назди РВКД дар вилояти Хатлонро, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, ба истифода дод. Дар маросими ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ раиси вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят иштирок доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Хатлон хамсуҳбат шуда, зикр кард, ки бо дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар шароитҳои хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сол аз сол беҳтар мегардад.
Бинои нави иловагӣ, ки аз се ошёна иборат мебошад, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ зимни ифтитоҳи бинои иловагии сеошёна дар РВКД вилояти Хатлон, 18 корманди нав ба кор қабулшудаи Раёсати мазкур ботантана савганд ёд карда, изҳор доштанд, ки ҳамеша ба Ватану давлати худ содиқона хизмат хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






