Ифтитоҳи ду мактаби нав барои таҳсили 1556 хонанда дар Турсунзода
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Субҳи имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 18 ва 119-и шаҳри Турсунзода, ки барои таҳсили 1556 хонанда сохта шудааст, ифтитоҳ бахшида шуд.
Инчунин зимни ин сафар корхонаи истеҳсоли доруворӣ, коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва бинои намояндагии бонки тиҷоратӣ ифтитоҳ гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳри Турсунзода 10 корхона ба бунёди биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, иншооти фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматӣ машғул буда, дар ин самт танҳо дар соли гузашта 192 миллион сомонӣ сармоя равона гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ як зумра биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсоли 300 ҳазор тонна дар як сол бо таъсиси 300 ҷойи корӣ, 5 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва муассисаи таълимии рақами 93 барои 640 хонанда идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раванди бунёди корхонаву коргоҳҳои нав дар шаҳри Турсунзода изҳори қаноатмандӣ намуда, ба бунёдкорону соҳибкорони минтақа арзи сипос намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






