Ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат

Сентябрь 6, 2015 04:53

Душанбе, 06.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Гулистон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 132 асос гузошт.

Тавре маълум гардид, сохтмони мактаб дар даврони Шӯравӣ оғоз гардида, бунёди он бо сабаби нооромиҳои кишвар ва баъдан бо сабаби нокифоягии маблағҳои буҷавӣ ба таъхир афтода буд.

Бинои мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллии шаҳри Ваҳдат, дар маҷмӯъ 8 миллион сомонӣ  бунёд гардидааст. Он аз 51 синфхона, озмоишгоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ, ошхонаи барҳаво, инчунин синфхонаҳои алоҳида барои ташаккули завқи зебоипарастиии кӯдакону наврасон иборат буда, дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар як синфи ибтидоӣ, синфхонаҳои компютерӣ, дӯзандагию пазандагӣ бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир кард.

Дар синфи компютерӣ барои таъмини пурраи мактаб бо компютерҳо Сарвари давлат ба роҳбарияти вазорати маориф дастуру супоришҳо дод.

Хонандагон ба Роҳбари хеш барои бунёди мактабу синфхонаҳои барҳаво изҳори сипос карданд. Дар ҷавоби ин дастгириҳои Президенти мамлакат ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва омӯзиши илмҳои муосир оянда ҳамчун кадрҳои арзанда барои халқу ватан хизмат менамоянд.

Дар синфи омӯзиши ҳунарҳо Сарвари давлат ба духти либосҳои миллӣ, ки худи духтарони синфҳои болоӣ омода кардаанд, баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, илм ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.    

Зимни шиносоӣ бо шароити мактаби нав ҳамчунин барои корҳои ободонӣ ва шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ба роҳбарияти мактаб дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.

Дар арафаи ҷашни 24 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани мактаб тӯҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони меҳнаткашони шаҳри Ваҳдат арзёбӣ гардид.

Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав дар ҳаминҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд доир намуд.

Сентябрь 6, 2015 04:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид