Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ
Ванҷ, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ бинои маркази саломатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Марказ аз панҷ утоқи дорои тачҳизоти муосир иборат буда, бо оби гарм низ таъмин мебошад.
Бинои мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Садбарг» ба истифода додааст.
Деҳаи Гармчашма аз деҳоти дурдасти ноҳияи Ванҷ ба шумор рафта, каме поинтар аз пиряхи Федченко ҷойгир аст.
Тарҳи мазкур дар натиҷаи як қарордоди муштарак байни Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди оғохон амалӣ шуд.
Дар ҷамоати Рованд ду маркази саломатӣ ва 8 бунгоҳи тиббӣ мавҷуданд ва як табибу 22 ҳамшираи шафқат ба бештар аз 6 ҳазор аҳолии ин ҷо хизмати тиббӣ мерасонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






