Ифтитоҳи пули мошингузар дар деҳаи Барсем
Шуғнон 07.09.2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Нахустин пули мошингард аз болои дарёи Панҷ ҷониби деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ифтитоҳ шуд.
Дарозии пул 27 ва бари он 3-метр буда, тавоноии вазнбардории он баробар ба 30 тонна мебошад, ки аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят бунёд намудааст.
Ба иттилои Муҳаммадҷон Ширинҷонов-сардори муассисаи роҳсозии вилояти Бадахшон, бо ба истифода додани ин пул мушкилоти бероҳии сокинони деҳа бартараф шуд. То кушодашавии пули мазкур сокинони деҳа тавассути заврақ аз болои ҳавзи сунъӣ рафтуомад доштанд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари офати табиии рӯзи 16-уми июли соли 2015 дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар баробари хароб гардидани зиёда аз 70 манзил, ҳамчунин роҳу пулҳои мошингузар аз байн рафтанд. Роҳҳои харобшуда бештар аз 5 миллион доллар хисорот ворид кард. Муассисаи нигаҳдории роҳҳои вилоят баъди 39 рӯз роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулмаро кушода, то имрӯз сохтмони пулҳои мошингузари байни деҳаҳо идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






