Ихтилофи дохилӣ 18 ҷангии толибонро аз байн бурд
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 18 ҷангии толибон дар натиҷаи даргирии дохилӣ, ки рӯзи чоршанбе дар музофоти Ҳироти Афғонистон сар зад, маҳв гардиданд.
Бино ба иттилои манобеъ, субҳи рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Шинданди музофоти Ҳирот миёни ҷонибдорони собиқ роҳбари толибон Мулло Умар ва роҳбари кунунии ин гурӯҳи ифротӣ Мулло Мансур даргирӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа 18 ҷангӣ кушта шуда, 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби ба амал омадани ин даргирӣ напазируфтан ва эътироф накардани Мулло Мансур ҳамчун роҳбари нав мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ин даргирӣ аллакай дуюмин даргирии дохилии толибон дар ноҳияи Шинданд мебошад. Даргирии қаблӣ 3 ҳафта пеш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 15 ҷангӣ, аз ҷумла як қумандон ҳалок гаштанд.
Мавриди зикр аст, ки пас аз марги Мулло Умар дар сафи толибон парокандагӣ ва мубориза барои қудрат сар зад, ки боиси афзудани даргирии дохилӣ миёни ҷангиёни ин гурӯҳ дар манотиқи гуногуни Афғонистон гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






