Ихтилофи дохилӣ 18 ҷангии толибонро аз байн бурд

Сентябрь 3, 2015 03:44

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 18 ҷангии толибон дар натиҷаи даргирии дохилӣ, ки рӯзи чоршанбе дар музофоти Ҳироти Афғонистон сар зад, маҳв гардиданд.

Бино ба иттилои манобеъ, субҳи рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Шинданди музофоти Ҳирот миёни ҷонибдорони собиқ роҳбари толибон Мулло Умар ва роҳбари кунунии ин гурӯҳи ифротӣ Мулло Мансур даргирӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа 18 ҷангӣ кушта шуда, 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби ба амал омадани ин даргирӣ напазируфтан ва эътироф накардани Мулло Мансур ҳамчун роҳбари нав мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ин даргирӣ аллакай дуюмин даргирии дохилии толибон дар ноҳияи Шинданд  мебошад. Даргирии қаблӣ 3 ҳафта пеш ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 15 ҷангӣ, аз ҷумла як қумандон ҳалок гаштанд. 

Мавриди зикр аст, ки пас аз марги Мулло Умар дар сафи толибон парокандагӣ ва мубориза барои қудрат сар зад, ки боиси афзудани даргирии дохилӣ  миёни ҷангиёни ин гурӯҳ дар манотиқи гуногуни Афғонистон гардид.

Сентябрь 3, 2015 03:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд