Имзои 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва 8 мулоқоти дигари Сарвари давлати Тоҷикистон бо роҳбарони бонкҳо ва ширкатҳои бонуфузи Чин дар шаҳри Пекин 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳияи Барномаи чаҳорчубавии ҳамкорӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ;
Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду санади дигар — Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк ва Бонки рушди Хитой ва Созишномаи ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин доир ба сохтмони комплекси агросаноатӣ ба имзо расид.
Мавриди зикр аст, ки имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ба раванди муносиботи Тоҷикистону Чин такони нав бахшида, ба тавсеа ва густариши минбаъдаи он мусоидати амиқ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






