Имзои Шартномаи амалиётҳои СВОП миёни БМТ ва БМЧ

Сентябрь 7, 2015 09:12

Душанбе, 07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Мардумии Чин Шартномаи амалиётҳои СВОП, яъне мубодилаи як асъори миллӣ ба асъори миллии дигарро имзо карданд.
Санади мазкур дар ҳузури роҳбарони бонкҳои низомсози мамлакат аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва раиси Бонки мардумии Чин Жоу Сиаочуан  ба имзо расид.
Бар асоси созишномаи мазкур, ки муҳлати он се соли ояндаро дар бар мегирад, Бонки мардумии Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон 3,0 миллиард юан, муодили қариб 500 миллион доллари ИМА пешниҳод менамояд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати расмии Бонки мардумии Чин таҳти сарварии раиси бонки мазкур ҷаноби Жоу Сиаочуан мулоқот кард.
Ҷонибҳо ҳамкории Бонки мардумии Чин бо Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва донишкадаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  умедбахш арзёбӣ карда, зикр доштанд, ки барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ кушиш хоҳанд кард.

 

Сентябрь 7, 2015 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд