Имзои Шартномаи амалиётҳои СВОП миёни БМТ ва БМЧ
Душанбе, 07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Мардумии Чин Шартномаи амалиётҳои СВОП, яъне мубодилаи як асъори миллӣ ба асъори миллии дигарро имзо карданд.
Санади мазкур дар ҳузури роҳбарони бонкҳои низомсози мамлакат аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва раиси Бонки мардумии Чин Жоу Сиаочуан ба имзо расид.
Бар асоси созишномаи мазкур, ки муҳлати он се соли ояндаро дар бар мегирад, Бонки мардумии Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон 3,0 миллиард юан, муодили қариб 500 миллион доллари ИМА пешниҳод менамояд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати расмии Бонки мардумии Чин таҳти сарварии раиси бонки мазкур ҷаноби Жоу Сиаочуан мулоқот кард.
Ҷонибҳо ҳамкории Бонки мардумии Чин бо Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва донишкадаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ карда, зикр доштанд, ки барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ кушиш хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






