Имзои созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 25.09.2015(АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил, марҳилаи дуюм ба маблағи 8,0 млн. евро ва шартномаи иловагӣ ба Созишномаи молиявӣ ҷиҳати барномаи мубориза алайҳи бемории сил, марҳилаи чорум ба маблағи 213,4 ҳазор евро баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисоди кишвар, дар доираи Барномаи рушди маблағгузории хурд дар деҳот марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони манзил татбиқ мешавад, ки барои он қаблан 8,0 млн. евро ҷудо гардида буд. Маблағи мазкур барои марҳилаи дуюми ин лоиҳа равона хоҳад гардид. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус дар самти дастрасии қарзҳо барои беҳтар намудани шароити зист дар деҳот беҳтар мешавад.
Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Олмон дар доираи «Барномаи мубориза алайҳи бемории сил» 19,1 млн. евро ҷудо кард, ки он барои такмил ва таҷҳизонидани Беморхонаи ҷумҳуриявии бемории сили «Мачитон» равона гардид. Маблағҳои иловагӣ барои зиёд кардани буҷети умумӣ аз рӯи ин лоиҳа нигаронида шудаанд.
Шартномаи мазкурро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Аврупои Ҷанубӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ хонум Ева Витт имзо намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






