«Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар»
Душанбе, 05.09. 2015 (АМИТ «Ховар» ).- Имрўз дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шанбегии умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар» баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ боғу гулгаштҳо ва хиёбонҳо тозаю озода гардонида шуданд, ки туҳфаи хуби ҷавонон ба сокинони кишвар дар рўзи таҷлили Рўзи истиқлолияти давлатӣ маҳсуб хоҳад ёфт.
Ёдрас месозем, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ташкилоти ҷамъитятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷалби ҷавонон ба корҳои хайри ҷамъиятӣ, равона намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ ва ба ин васила тарбияи намудани ҷавонон дар рўхияи баланди ифтихор аз давлатдории миллӣ иборат мебошад. Ба ин хотир, ташкилот ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад, ки бо роҳи ташкил намудани чорабиниҳои оммавӣ нақши ҷавононро дар сазовор таҷлил намудани идҳои миллӣ густариш бахшад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






