«Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар»

Сентябрь 5, 2015 07:33

Душанбе,  05.09. 2015 (АМИТ «Ховар» ).- Имрўз дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шанбегии умумиҷумҳуриявӣ  таҳти унвони «Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар» баргузор карда шуд. 
Дар рафти чорабинӣ боғу гулгаштҳо ва хиёбонҳо тозаю озода гардонида шуданд, ки туҳфаи хуби ҷавонон ба сокинони кишвар дар рўзи таҷлили Рўзи истиқлолияти давлатӣ  маҳсуб хоҳад ёфт. 
Ёдрас месозем, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ташкилоти ҷамъитятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷалби ҷавонон ба корҳои хайри ҷамъиятӣ, равона намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ ва ба ин васила тарбияи намудани ҷавонон дар рўхияи баланди ифтихор аз давлатдории миллӣ иборат мебошад. Ба ин хотир, ташкилот ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад, ки бо роҳи ташкил намудани чорабиниҳои оммавӣ нақши ҷавононро дар сазовор таҷлил намудани идҳои миллӣ густариш бахшад.

 

Сентябрь 5, 2015 07:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид